Дар назди Театри ба номи «Камоли Хуҷандӣ» -и шаҳри Хуҷанд бахшид ба 45 солагии Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист чорабинии идона таҷлил шуд. Дар он намояндагони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ширкат доштанд.

Дар ин чорабини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муовини раиси вилояти Суғд, муовини раиси шаҳри Хуҷанд бо суханони табрикотӣ баромад намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур овозхонон ва дастаҳои рақсӣ иштирок намуда, баҳри болидахотирии иштирокчиён намоиши фарҳангӣ баргузор намуданд.

Бахшида ба рўзи байналмиллалии ҳифзи муҳити зист Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон се нафар кормандони соҳаро бо Сипоснома сарфароз гардонид.