Бахшида ба фарорасии иди «Модар» шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷроиши Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти тадбиқи сиёсати гендерӣ ва тадбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамчунин баланд бардоштани ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, татбиқи тарбияи ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, баланд бардоштани дониши зеҳнӣ ва рушди тарбияи ҷисмонӣ байни ҷавондухтарони коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Хуҷанд аз рӯи намуди волейбол мусобиқаи варзишӣ доир намуданд. Дар мусобиқа дастаи ҷавондухтарони коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои аввал гардид ва ҳарду даста бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда шуданд.