«Бо мақсади эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷавонони мамлакатро зарур аст, ки донишҳои сиёсиашонро пайваста мукаммал гардонанд, аз тахаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошанд»(Эмомалӣ Раҳмон).

Пеш аз ҳама, шукргузорӣ мекунам, ки имрўз миллати тоҷик  ба Истиқлолият расидааст ва замину осмони мо ором ва аз ҷангу хунрезиҳо озод мебошад. Халқи миллати тоҷик таърихи кўҳан, маданияту фарҳанги баланд, мутафаккирони бузург ва фарзандони қаҳрамон ҳадя кардааст. Истиқлолияти давлатии миллати тоҷик, ки бо пуштибонии фарзанди қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдор асту рўз ба рўз рушд ёфта истодааст.   

Аммо, имрўз дар байни ҷомеа ҷавононе вомехўранд, ки дар зери таъсири душманони ислом ва душманони миллати тоҷик монда, ин меҳрубониҳои Худо ва неъматҳои беҳамтои Ўро нодида гирифта, ба онҳо сарфаҳм нарафта,  бегонапарастиро пеша кардаанд. Онҳо таълимоти ҳанафиро пайравӣ накарда, ба ваҳдати милливу динии миллат тафриқаҳо андохта истодаанд, ки ин рафтор ба ягонагии умуман дини мубини ислом ва ваҳдати миллии тоҷикон хатари бузурге дорад. Ин масъала имрўз бисёр муҳим буда, тақозо мекунад, ки ҳар як фарди тоҷик, хусусан ҷавонон бояд нисбат ба он мавқеи бетарафиро ишғол накарда, ҳиссаи худро барои ваҳдати милливу динӣ ба қадри имкон  гузорад.

Мо дар асоси омўхтани маводҳои рўзномаву маҷаллаҳои даврӣ ва адабиёту маводе, ки ба масъалаи матраҳ бахшида шудаанд ва аз омўзиши таҷрибаи зиндагӣ таҳлилҳо гузаронида, ба хулоса омадем, ки яке аз сабабҳои пайдошавии тафриқаҳои динӣ дар байни ҷомеа ин паст будани, пеш аз ҳама, маърифату маънавиёти сиёсӣ ва динии ҷомеа, хусусан ҷавонон, мебошад.

Душманони миллат асосан дар байни ҷавонон бо истифода аз паст будани маърифати сиёсиву динии онҳо ва каҷфаҳмонии арзишҳои ноби исломӣ фикрҳои экстремистии гуногунро, ки он аз бадбинии ҷамъият, ҳукумату давлат, падару модар, атроф, ношукрӣ, инкори арзишҳои дунявӣ ва ғайра иборат мебошад, паҳн мекунанд.  

Пеш аз ҳама, хатарноктаринаш он аст, ки ў ба тафриқаи фикрӣ ва руҳӣ гирифтор мешавад ва барои аз ин варта халос шудан ба амалҳои гуногуни экстремистӣ қадам ниҳоданашро нафаҳмида мемонад, ки ин ҳолати инсонӣ аслан касалӣ ва зиёда аз ин касалии сирояткунанда аст. Ҳар як ҷавони тоҷик бояд чуқур дарк карда тавонад, ки муқобил истодан ва мубориза бурдан бо ин касалӣ на фақат вазифаи давлату ҳукумат, балки вазифаи ҳар як ватандор мебошад.

Пайравӣ кардан ба Пешвои миллат ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву динии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, тақозо мекунад, ки он яке аз масъалаҳои мубрами имрўза ва омили асосии нагаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгароӣ қарор дода шавад. Дар ин радиф баробари аз худ кардани сиёсати давлатӣ омўхтани ақаллан асосҳои дини ислом низ зарурияти имрўза аст. Аслан бо ҳукми таърих миллати тоҷик  дини исломро интихоб кардааст ва ҳар як тоҷикро дар ҷаҳон ҳамчун мусулмон мешиносанд, ки аз он мо бояд ифтихор намоем. Дини миллати тоҷик дини ислом аст ва он узви ҷудонашавандаи фарҳангу маданияти волои мост. Инсоне, ки ба Парвардигор имон наовардааст, шахси ҷоҳил аст. Шахси ҷоҳил ба ватану миллати худ ҳеч гоҳ хизмат карда наметавонад.  

Таърих исбот кардааст, ки дар ҳар давру замон, дар фазои ҳамагуна сиёсатҳои давлатӣ новобаста аз замону макон муваффақиятҳо ва норасоиҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ ҷой доштаанду ҷой доранд. Ин қонуни фалсафавӣ аст. Душманон ҳеч гоҳ муваффақиятҳои пойдори моро эътироф намекунанд ва фақат бо нишон додани камбудиҳову норасоиҳои муваққатии ислоҳшавандаро бо усулҳои махсуси сиёсиву динӣ ба ҷомеа ва хусусан ҷавонон, талқин менамоянд. Агар шахс маърифату маънавиёти кофии сиёсиву динӣ дошта бошад ва бо ин хел афроди дорои тафаккури душманона рўбарў шавад, мақсади ҳарифро тез мефаҳмад ва ба даъвоҳои ў арзишҳои сиёсиву динии азхудкардаашро муқобил гузошта, на фақат худро ҳимоя карда метавонад, зиёда аз ин даъвоҳои ҳарифро рад карда, аз болои ў ғалаба ҳам карда метавонад.  

Хулоса, пешгирии фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ бояд ба таҳким ва ҳамгироии таъсири тарбиявии оила, мактаб, муассисаҳои таълимии касбии сатҳи гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма равона карда шавад.

Дар ин маънӣ низ суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон басо ҷолиб буда, ҷавононро ба сӯи комёбӣ ва музаффарияти нав ба нав ҳидоят менамояд:

«Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии  Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди  Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

 

 

Тиллохоҷаева М.Н.

дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров