Дар доираи баргузории конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии КИМ ҲХДТ таҳти унвони «Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» иштирокчиён аз маҷмааи “Дуои модар” боздид намуданд.

Муҷассама бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар майдони саҳни фурудгоҳ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва муҳаббату самимият нисбат ба модари тоҷик бунёд шуда, аввалин муҷассамаи азим дар ин намуд аст. Муҷассамаи “Дуои модар” бо пояаш 13 метрро буда, баландиаш 6,7 ва пояи он 5,5 метрро ташкил медиҳад.

Маҷмааи “Дуои модар” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 октябри соли равон ифтитоҳ гардидааст.

Иштирокчиёни конфронс аз маҷмаа боздид намуда, дар пояи он акси хотиравӣ гирифтанд.