Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мулоқоту вохӯриҳо доир гардида истодаанд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нурафзо» бо иштироки табибон ва кормандони Маркази саломатии шаҳрии №5-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ оид ба омӯзиши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тикистон дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, дар бораи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти кишвар суханронӣ намуданд.

Воқеан ҳам Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад. Дар Паёми навбатие, ки 23декабри соли 2022 манзури Парлумони кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, афзалиятҳои сиёсати минбаъда бори дигар мушаххас баён гардиданд.