Ба ҳамагон маълум ва равшан аст, ки дар оғози солҳои 1992 то 2000 дар ҳудуди кишвари таърихии Тоҷикистон чи ҳодисаҳои даҳшатангезе сар зада буданд, ки дар он чандин ҳазор одамони бегуноҳ ҷони худро баҳри несту нобуд кардани душманони миллати тоҷик бохтанд. Ва бешубҳа яке аз сабабгори асосии сар задани чунин бесарусомониҳо маҳз  фаъолият бурдани Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон буд, ки имрўзҳо низ аз хориҷи кишвар мехохад бо ҳар роҳу восита вазъи сиёсии кишвари маҳбубамонро ногувор созад.

Мо медонем, ки аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ин ҳизб бо роҳу воситаҳои гуногун мардуми таърихии кишварро гумроҳ намуда ба ҷойи он ки бо Ҳукумати кишвар созиш намуда баҳри ободии он саҳм гузорад, бо омода намудани душманон ва силоҳбадастони хунхор машғул буд, ки исботи ин андешаҳо сар задани чанд ҳодисаҳои мудҳиш дар пойтахти кишвари азизамон ва иштироки баъзе нохалафон дар ҷангҳои Давлати ба ном Исломии Сурия ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти ин ҳизб дар фаъолияти худ доир ба пешрафт ва тараққиёти имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон заррае саъю кушиши худро нишон надодааст ба ғайр аз омода намудани шогирдони нохалафи худ дар беруни кишвар. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки магар мақсади дини мубини Ислом ҳамин аст? Дар баробари ин, танҳо барои манфиатҳои худ ва сармоягузорӣ гардиданаш аз тарафи давлатҳои хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳар роҳу восита ба сафи худ дохил менамуд ва ба онҳо ваъдаҳои бардурўғ медод, оқибати ин фиребу найранг ба чӣ оварда расонид ҳамаи мо бархурдорем.

Илова менамоем, ки минбаъд барҳам додани фаъолияти ин ҳизб аз ҷониби мардуми кишвар хеле хуб пазируфта шуд. Дар ин радиф чунин андешае ба миён омада метавонад, ки агар мавҷуд будани чунин ҳизб зарурат медошт, давлатҳое, ки пештар аз мо Исломро қабул карда буданд, магар наметавонистанд чунин ҳизб таъсис диҳанд? Агар эшон дар худ ҷасорати бештар медоштанд, метавонистанд бо дигар ном рақобати сиёсӣ намоянд. Аммо таърих исбот намуд, ки мақсади онҳо на пешбурди ҷомеа, балки фитнаангезӣ ва ба даст даровардани мансаб ва ҳокимият буду халос.

Аз он рӯзе, ки ҲНИТ-ро медонем дар радифаш ҷангу балво, иғвою ифрот, шўру валвала ва фисқу фасодро мебинем. Ҳамчун як фарди ҷомеа бо мақсади эмин нигоҳ доштани фазои ороми Тоҷикистон, тинҷиву якпорчагии он масъалаи расман қатъ гардидани фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ-ро бамаврид мешуморам ва андеша бар он дорам, ки ба мардуми таърихие, ки мусулмони асил аст, дини мубини исломро на бо ҳизб ё гурўҳбозӣ, балки аз сидқи дил ҳурмат менамояд, зарурати минбаъд фаъолият бурдани онро ягон заррае ҳам қабул намекунад. Имрўз, ки собиқ роҳбарияти ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ бенангу номус асту аз хориҷи кишвар истода  бо фитнаҳои сиёсии худ боз мехоҳад ба сари мардуми кишвар нокомӣ орад ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нахоҳад расид, зеро мардуми имрўзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар мардуми солҳои 90-ум шуда наметавонад, ки ба фитнаҳои онҳо ба зудӣ боварӣ ҳосил намоянд.

Санавваров Ғ.Б.-устоди ДДҲБСТ