Санаи 8 феврали соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии "Ҳифзи саломатӣ" - и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хучанд маҷлиси умумии ташкилот доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок дошт.

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Азаматхӯҷа Воҳидов маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти  ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи саломатӣ” дар соли 2022 маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъдаро пешниҳод кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов зимни баромади хеш иброз намуд, ки ташкилоти ибтидои асоси ҳизб буда, дар амали намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳми муносиб доранд. Аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ таъкид ба амал оварда шуд, ки дар шароити имрӯза бояд хар як аъзои ҲХДТ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои нигаҳдории сулҳу суббот кушиш ба харҷ диҳанд.

Сипас, аз ҷониби аъзои гурӯҳи тарғиботии кумиҷроия, Наргиза Ҳошимова нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу эзоҳ дода шуда, таъкид гардид, ки Пешвои миллат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат моро водор мекунад, ки баҳри  ободониву бунёкорӣ ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми босазои хешро гузошта бошем.

Дар охир якчанд нафар фаъолон бо Сипоснома ва тӯҳфаи кумиҷроияи шаҳрӣ кадрдонӣ гардиданд.