Мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати интихоби вакил ба Конференсияи XXI – ғайринавбатии Кумиҷроияи шаҳрӣ санаи 18 майи соли равон дар ташкилоти ибтидоии «Таваллудхонаи вилоятӣ» - и вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб маҷлиси умумӣ баргузор гардид.

Сараввал, раиси ташкилоти ибтидоии «Таваллудхонаи вилоятӣ» -и вилояти Суғд Рабеҷонова М.М. ба вохӯрӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро оиди барномаи машварат шинос намуд.

Сипас, оид ба масъалаи якум доир ба мафҳуми байналмилалии сайёҳӣ ва таъсири туризм ба рушди иҷтимоӣ – иқтисодии давлат Ҳабиба Турсунова баромад намуда, зикр дошт, ки барои расидан ба нишондиҳандаи хуби рушди устувори сайёҳӣ ҳамчун манбаи муътамади иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ, албатта, зарур аст, ки аз аҳамият ва нақши сайёҳӣ дар ҷаҳон, заминаҳои қонунгузорӣ ва имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва татбирҳои зарурию имконпазир ва дурнамо ҷиҳати ташаккули захираҳо ва рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат бархурдор бошем.

Баъдан, аз рӯи масъалаи дуюм рӯзнома раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Таваллудхонаи вилоятӣ» Рабеҷонова М. баромад намуда таклиф кард, ки аз ташкилоти ибтидоӣ 2 нафар вакил барои иштирок ба конфронси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  интихоб карда шавад.

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ Дадобоева Н.Н. баромад намуда, номзадии Рабеҷонова М.М. ва Турсунова Ҳ. Ба вакили Конференсия пешниҳод намуд ва ҳамаи иштирокчиёни маҷлис якдилона таклифро қабул намуданд.

Дар охири маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.