Қаҳрамониву диловариҳои падарону бобоёни мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  барои наслҳои оянда намунаи олии ватандӯстиву родмардӣ хоҳад буд. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи Ғалаба бо мақсади арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои неку шоиста анҷом дода мешавад.

Соли равон низ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 (ҳазор) сомонӣ ва аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 4 (ҳазор) сомонӣ кӯмакпӯлӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ба нафароне, ки дар ақибгоҳ меҳнати ҷонфидоёна кардаанд 2 (ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии он давраи иштирокчиёни ақибгоҳ, саҳми шоиста онҳо дар рушди хоҷагии халқ субҳи имрӯз раиси кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар аз аҳволи собиқадорон дидан намуд.

 Зимни мулоқот бо сокини шаҳр, кӯчаи Ҳаким Карим Биазиз Гулматова раиси кумиҷроия баён дошт, ки   корнамоиҳои бемисли падарону бобоёнамон дар майдони набард, инчунин заҳматҳои шабонарӯзии дар ақибгоҳ будагон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва давлату Ҳукумат азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамояд. Зикр гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ  ва нафарони дар ҷабҳаи ақибгоҳ меҳнати бурдборона дошта таҳти таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимӣ қарор доранд.

Дар маҷмуъ дар остонаи Рӯзи Ғалаба аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шахсан бо ибтикори Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода 15 нафар, аз тарафи кумиҷроияи шаҳрӣ 15 нафар, аз ҷониби ташкилоти ибтидоии шабакаи барқи шаҳр 22 нафар ва ташкилоти ибтидоии “Хуҷандобуканал” 4 нафар ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамудаи шаҳр аёдат карда шуда, ба онҳо кумакпулӣ ва маводҳои хӯрока тақдим карда шуд.