Дар ташкилоти ибтидоии «Экология»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар доираи 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия бахтномаи миллат» гузаронида шуд, ки дар ин чорабинӣ мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева ширкат варзид.

Мавсуф дар баромади худ қайд наумд, ки дастоварди бузург дар даврони истиқлолият ин дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунёвӣ таҷассум ёфтаанд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд. Аз ҷумла ғояҳои олии башардӯстона, меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ ва ҷомеаи озод, ҳифз ва ҳимояи истиқлолияти сиёсиву иқтисодии давлат, таъмини ҳаёти осоишта ва зиндагии шоистаи мардум, волоияти қонун дар ҷомеа, дарки масъулият дар назди наслҳои имрӯзу фардо, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна ва эҳтироми истиқлолияти сиёсӣ, принсипҳое мебошанд, ки ба иродаи тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия ифода ёфтаанд.

 Аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Экология» Равшан Ӯрунов, Орифҷон Содиқов, Маъруфҷон Носиров ва Шоира Мелибоева баромад намуда, оид ба тва моддаҳои Конститутсия маълумоти муфассал доданд.