Дар майдони регистони бозори марказии «Панҷшанбе» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД-и вилояти Суғд аксия таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед” доир гардид.

Ташкилкунандагони ин чорабинии бонуфуз зимни тақсимоти варақаҳо сокинонро ҳушдор медорданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз сироятёбии ба ин бемории вабои аср сокинонро мебояд, бештар худро аз издиҳом канора гиранд, ҳамчунин ба рӯй кашидани ниқоби ҳимоятӣ, саривақт дастонро бо оби гарм ва собун шустану онро бо моеи “Антисептик” тар намудан аз сироятёбӣ эмин медорад.   Таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани масуниятнокӣ(иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус аз сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз(чеснок) ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба овозаҳои сироятёбии сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов  ба ин беморӣ бовар накунанд. Зеро бар иттилои сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода дар вилоят ягон бемори сироятшуда бо ташхиси коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.  Пурзӯр намудани назорати сокинон, дар маҳаллаю кӯчаҳо бо худ доштани ниқоби ҳимоятӣ танҳо чораи худро эҳтиёт кардан аст.

Маълумот дода шуд, ки бемории сироятии коронавирус имрӯз ба ҳаёти сокинони сайёра, хосса давлатҳои Аврупо ва Америка  хисороти беш оварда, бинобар риоя накардани чораҳои пешгирӣ сироятёбӣ авҷ гирифта истодааст.

Коршиносони соҳа пешгӯӣ мекунанд, ки дар моҳи наздик хатари авҷгирии ин беморӣ коҳиш меёбад.