Зимни суханронӣ ва мулоқотҳояшон бо намояндагони аҳли ҷомеа дар доираи сафари кори ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба ёдовар шуданд, ки дар Рӯзи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар, яъне 9 сентябри соли равон чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор медарояд. Ёдовар мешавем, ки чархаи нахустини он моҳи ноябри соли гузашта, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Сарпарасти маънавии ин иншооти бузурги аср будани ҲХДТ барои аъзоёну алоқамандонаш мояи ифтихор ва боиси сарфарозист.

Аҳли ҷомеа худ шоҳиди он ҳастанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд гардиданд.

Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла чунин гуфанд: «Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетики кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд.

Аз оғози бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ, танҳо соли 2018 3,9 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст ва соли 2019 ба ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад.

Ҳукумати кишвар, дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоир менамояд. Зеро дар ҳолати таҷдид накардани як қатор нерӯгоҳҳо, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият карда истодаанд, самаранокии истеҳсолии онҳо коҳиш меёбад.

Барои боз ҳам устувор гардонидани низоми энергетики кишвар кор доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА – 1000 оғоз гардидаст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (қисми Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад».

Бахшида ба ҷашни мубораки дарпешистода ва ин рӯйдоди муҳими таърихӣ таҳти унвони «Нишоти модарон аз Кохи нур» дар қаламрави вилоят аксияи пуршукӯҳ баргузор гардид. Ин чорабинии мӯҳташамро КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд доир кард.

Танҳо дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хуҷанд ин аксия бо иштироки беш аз 200 нафар бонувони фаъол ва ҷавонон, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” гузашт.

Иштирокчиёни аксияи мазкур бо шиорҳои идона, парчами давлативу ҳизбӣ аз бинои КИВ ҲХДТ ба ҳаракат омаданд. Онҳо бо раҳпаймоӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр раҳгузаронро табрик гуфта, беш аз 1000 адад номаҳои табрикотии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба мардум ҳадя намуданд.

Зимни ин аксия аз аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, аз ҷумла, бузургтарин меваи ин даврон – НБО “Роғун” ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд маълумот дода шуд. Дар аксия Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ва кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоят иштирок доштанд.

Аксияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд «Нишоти модарон аз Кохи нур» дар шаҳри Хуҷанд низ бо шодмониву сурур роҳандозӣ гардид ва боиси фараҳмандии аҳли ҷомеа шуд.