Санаи 30-уми сентябри соли 2014 Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба китобхонаи Т.Асирӣ ташриф оварда, бо кормандони ин коргоҳ вохӯрӣ доир намуд. Дар ин вохӯрӣ 40 нафар шахсони арзанда, кормандони китобхонаи мазкур, ки қаблан барои дохил шудан ба аъзогии ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд ва дар ин коргоҳ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Китобхонаи Т.Асирӣ» таъсис дода шуд. Раиси Комиҷроия шахсони ба сафи ҲХДТ дохилшударо табрик намуда, қайд кард, ки аъзоёни ҳизб бояд барои перафти фаъолияти ҳизб ва ободу шукуфон кардани Тоҷикистони азиз ҷамеша дар сафи аввал қарор гиранд ва доимо саҳмгузор бошанд.