Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ    7 майи соли 2019 аз ҷумла дастур доданд, ки «Мо дар фаъолият бояд ҳамеша дар байни мардум бошем ва манфиатҳои шаҳрвандонро дар мадди аввал гузорем, чунки ҳизби мо ҳизби халқӣ – мардумист ва  нақши қишрҳои гуногуни ҷомеа дар маркази сиёсати ҳизби мо қарор дорад».

Дар асоси барқияҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҳизб низ ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар ҷойҳои ҷамъшавии теъдоди бештари шаҳрвандон (назди бозору масҷидҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ғайра) ташкил намудани мулоқоту суҳбати озод бо намояндагони ҷомеа, шунидан ва ба ҷойи даркорӣ расонидани арзу шикоят, фикру дархост ва таклифу пешниҳоди онҳо вазифадор шудаанд.

Бо назардошти ин, санаи 20-уми майи соли равон бо мақсади омӯзиши афкори омма, таблиғи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, шинос шудан бо вазъи фазои динӣ, бохабар намудани аҳли ҷомеа аз хатарҳои ҷаҳони муосир, пешгирии шомилшавии насли наврасу ҷавон ба равияҳои бегона ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза бар зидди тақлидкорию бегонапарастӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, таҳлил намудани вазъи сиёсӣ, иҷтимою иқтисодӣ ва дар умум татбиқи барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 10 январи соли 2019, таҳти рақами 2 гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иборат аз кормандон ва раиси комиссияи тафтишотии кумиҷроия дар майдони Регистони мавзеи «Панҷшанбе» бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқот доир намуд.

Аъзои гурӯҳи корӣ дар ибтидои чорабинӣ ва баъдан дар рафти он оид ба самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи ба ободонию бунёдкорӣ нигаронидашудаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аҳли ҷомеаро ба саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни      30- солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон даъват намуданд.

Дар рафти мусоҳибаи озод ва саволу ҷавоб иштирокчиёни вохӯрӣ мусоидат намудан ба ҳалли як ыатор масъалаҳоро дархост карданд.

Баъди анҷоми мулоқот бо аҳолӣ фикру андеша ва таклифу дархости  иштирокчиён   барои баррасӣ пешниҳод гардид.