Дар маҳаллаи Чорчароғи шаҳри бостонии Хуҷанд Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва сокинони маҳалла сурат гирифт, ки боиси хушҳолии пиру ҷавон гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бошандагони маҳалларо бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфт. Зикр гардид, ки мардуми вилояти Суғд дар қатори дигар сокинони кишвар Наврӯзро дар фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва худшиносиву арҷгузорӣ ба гузаштагони худ ҷашн гирифта истодаанд. Бо омад-омади Наврўз, ки айёми умеду орзуҳои наҷиб мебошад, табиат баъди фасли сармо аз нав зинда мешавад, кишоварз ба замин донаи умед мекорад. Хуршеди пурҳарорати наврўзӣ ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар қалбҳои мо эҳсоси самимии накўкорӣ ва созандагиро бедор мекунад. Дар тўли солҳои истиқлолият дар мамлакати мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашнҳои давлативу миллӣ, аз ҷумла Наврўз аз рўи анъанаи нек садҳо ҳазор буттаҳои сояафкан шинонида, боғҳои нави дарахтони мевадиҳанда ва токзор бунёд мегарданд, биноҳои нави истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва фарҳангӣ, корхонаву дигар иншооти истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки ҳисоби умумии онҳо то ба имрўз ба ҳазорҳо мерасад. Дар шаҳри Хуҷанд низ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 500 иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешавад, ки ин ҳама ҷойи корӣ ва шароити арзанда ба шаҳрвандон муҳайё мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Наврӯз як қатор амалҳои нек, аз қабили аёдати пирони рӯзгор, ятимони кул ва оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд. Муҳимтар аз ҳама сокинони шаҳру навоҳӣ дар ин рӯзҳои наврӯзӣ дар канори ҳам сарҷамъ гардида, суруру шодмонӣ намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, сокинони маҳалла минбаъд низ барои ободиву сарсабзии маҳал, шаҳр ва мамлакат саҳми арзанда гузошта, ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд.

Сипас ба якчанда нафар кӯдакони ятим ва аз падар ё модар маҳрум монда туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда шуд.

 

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хучанд