Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмин намудани зиндагии шоиста ба ҳар як сокини мамлакат ва дастгирии оилаҳои ниёзманд вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи №19 Зулфия Ашӯрова ба яке аз оилаҳои ниёзманд, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи М.Аминзода, хонаи 27/5 Умриҷон Умарова барои сохтмони манзили истиқоматӣ 20 дона шифер ба маблағи 1040 сомонӣ кӯмак расонид.