Таҳти чунин унвон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд беш аз 10 ҳазор варақаҳоро ба ҷонибдории номзад ба маснади президентӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бо усули хона ба хона ва кӯча ба кӯча миёни интихобкунандагон тақсим карда,  ин амалро то санаи 8 октябр идома хоҳанд дод. 

Зимни паҳн намудани варақаҳо ҳамчунин аз бандҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мардум иттилоъ дода мешавад.