Таҳти ҳамин унвон дар кумитаи иҷроияи  ХХДТ дар шаҳри Хуҷанд конфренсияи илмӣ доир гардид. Дар кори конференсия иштирокчиёни Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Ҳаcанов, Темур Дадобоев, Дилмурод Шермуродов, Шама Пардаев ва фаъолону собиқадорони ҳизб ширкат варзиданд.

Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ  Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабинро оғоз бахшида, қайд намуд, ки ҳамасола шурӯъ аз соли 2009 дар қатори ҷашнҳои миллӣ мардуми шарифи кишвар санаи 24 ноябрро чун Рӯзи Парчами миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Бояд қайд кард, ки   Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо,  таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, гузаштагони мо парчамро рамзи озодӣ, адолат, мубориза бар зиддӣ бадӣ ва садоқат ба Ватан меҳисобиданд. Дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демоктратии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки “Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст”. Мо медонем, ки замони соҳибистиқлолӣ  санаи 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Аз ин хотир ба чорабинии имрӯза шоҳидони ин рӯйдоди таърихӣ- иштирокчиёни бевоситаи иҷлосияро даъват намудем.

Номзади илмҳои таърих, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои ДТТ Фирдавс Тоатов зимни ироаи маърӯза баён дошт, ки пошхӯрии Давлати шӯравӣ ва ба истиқлолияти давлатӣ расидани ҷумҳуриҳои он боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунад. Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри фарҳангии хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев баргузор гардида буд аз аввалин масоиле, ки мавриди муқокима қарор дод ин қабули Парчами Тоҷикистон буд. Бо пазироии вакилони халқ аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар толори ин қасри сулҳовар ҷилва намуд. Сарвари тозаинтихоби тоҷикон  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, чун рамзи эҳтиром онро бӯсида, сипас қабули вазифа намуда буд. Шояд эҳтироми Сарвари давлат ба Парчами миллиамон бошад, ки зери ин ливои баҳамоварандаи миллат мо дар муддати кӯтоҳ ба низову даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, ба оромии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи давлатдориамон мушарраф гардидем. Дар тамоми гӯшаву канори кишвар ин Парчам парафшон шуд.

Ба иштирокчиёни Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ ва ба чанде аз аъзои фаъоли ҳизб  дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо дода шуд.

Аз номи ширкаткунандагони иҷлосияи таърихӣ, собиқадори меҳнат Темур Дадобоев барои қадршиносӣ изҳори сипос намуд.