Имсол Наврӯз ба диери мо бо файзу баракат, нусрату шаҳомати тоза гом ниҳода, дилҳоро шод, дидаҳоро рӯшан, хонаҳоро гарм месозад. Бо дарки ҳикмати ориёӣ истиқбол гирифтани Наврӯз «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» аз бузургӣ ва шаҳомати ин ҷашн гувоҳӣ медиҳад.

Бо ҳамин мазмун дар ташкилотҳои ибтидоии кумитаи маҳаллаи  «1 Май» ва «Пӯлод Толис»- и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангии идона таҳти унвони «Наврӯзи байналмилалӣ ҳуҷаста бод!» баргузор гардид, ки хеле хотирмону диданӣ буд.

Сараввал, табрикоти идонаи Раиси МИХД-и шахри Хучанд Маъруф Мухаммадзода аз тарафи директори Хонаи акди никоҳи шаҳр Хуршеда Хоҷазода ба самҳи ҳозирин расонида шуд.

Композитсияи адабии Наврузӣ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки хеле дилнишину хотирмон буд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бобоева Зеварой Наврӯзи байналмилалро ба ҳамагон шодбод гуфта, иброз дошт, ки Ҷашни имрӯза баёнгари он аст, ки Наврӯз саршор аз ормонҳои башардӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии мусолиҳатомез буда, моро ба якдилӣ, созандагӣ ва зиндагии шоиста ҳидоят менамояд.

Ҳамзамон аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тӯҳфаҳои хотиравиро ба ташкилотҳои ибтидоӣ супорид.