Тоҷикистони азизи мо таърихи на қадар тӯлонӣ дорад. Лекин дар ин муддати на он қадар дароз чунон корҳо ба анҷом расонида шудаанд, ки дигар давлатҳо  дар тӯли солхои дуру дароз  мушарраф нашудаанд. Албатта мушкилиҳо ҳаст, лекин онҳо пай дар пай паси сар шуда истодаанд. Муҳимтаринаш он, ки мо зиёда аз 25 сол инҷониб дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карда истодаем. Бояд гуфт, ки нисбати ришдарозон ва ҳиҷобпӯшон давлат мубориза бурда наистодааст. Давлат танҳо мехоҳад, ки симои мардуми тоҷик мисли симои ниёгон бошад, либосҳои миллии тоҷикона дар бари занҳо ва мардҳо бошанд ва мо дар назди ҷаҳониён бо фарҳангу маданият ва таърихи худ фахр кунем.

Ҳоло, ки вазъи байналхалқӣ мураккаб мебошад,  душманони миллати тоҷик кӯшиш карда истодаанд, ки дар замини Тоҷикистон фазои сулҳу осоиштаро вайрон кунанд. Ман ҳамватанони худро даъват мекунам, ки дар атрофи ҳукумати қонунӣ мутаҳҳид бошед.  Дар ин ҳолат мо метавонем ба душманони миллати тоҷик муташаккилона муқобилият нишон диҳем.

 Ҳоло, барои меҳнати ҳалолу пок карда сарбаландона зиндагӣ кардан,  дар Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошанд. Ман бовари дорам, ки солҳои наздик зиндагии мардум  боз хам беҳтару хубтар хохад щуд.

Ба он гапҳои бардурӯғ,  ки тариқи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ  байни мардум паҳн мешаванд, бовар накунед. Ҳар як фард танҳо дар ватани худ метавонад, пурра хушбахт бошад. Дар он ҷое, ки  куштори одам ба ҳукми қонун дароварда шудааст, хеҷ гоҳ ободӣ намешавад. Ман шахсан вазъияти якчанд давлатҳои дунёро тариқи расонаҳои ахборотӣ  медонам ва ба риштаи таҳлил кашидам, сарбаландона гуфта метавонам, ки ҷаннати рӯи замин ин Тоҷикистон аст. Точикистонро дӯст доред ва онро чун гавхараки чашм эҳтиёт кунед.  Як қатра хуни бегуноҳ рехтаи мардум ягон мақсадро асоснок карда  наметавонад.

Мардум ба оқилонаю дурандешона ва хайрхоҳонаю   раиятпарварона будани сиёсати Сарвари кишварамон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоди бузург пайдо кардаанд. Ин фарзанди фарзонаи Тоҷикистони азиз аз ҷониби хурду калон ба ҳайси Пешвои миллат бо ҷону дил пазируфта шудаанд ва сари вақт пешгирӣ карда шудани балвои гумоштаҳои ТЭТ ҲНИ собит намуд, ки кулли бошандагони мамлакатамон имрӯзҳо бештар аз дирӯз дар атрофи ҳукумат ва роҳбари бохиради он муттаҳид гардидаанд. Чунин рӯҳия барои халқи мо табиӣ буданаш лозим аст. Зеро, шароити феълии дохили кишвар, минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти Тоҷикистон, нерӯҳои сиёсӣ тақозо мекунад, ки ба қадри сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем, онҳоро беш аз ҳар вақти дигар азизу муқаддас бидонем, ҳифз намоем. Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдати миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро огоҳ созем ва онро ба унсури асосии устувори фарҳанги ҷомеа табдил диҳем. Агар мо имрӯз тавонем ин рисолати миллиамонро иҷро намоем, бузургтарин сабақе хоҳад буд, ки аз раванди сулҳу ваҳдати миллӣ бардоштаем. Мо сарбаландӣ аз он хоҳем дошт, ки дар ин ҷодаи сарнавиштсоз ҷумлаи тоҷикони ҷаҳон ва ҳамаи дӯстонамон ҳамеша ҳамроҳу ҳамдам ва дастгиру ёвари Тоҷикистониён хоҳанд буд.

Маърифат Мавлонова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд