Ҷашни Наврўзи байналмилал дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомат ва риояи суннатҳои миллӣ таҷлил карда шуд.

Дар тантанаҳои идона Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳфмадзода, ҳайати меҳмонон аз вилояти Фарғонаи кишвари ҳамсояи Ўзбекистон, аз ҷумла Раисони шаҳрҳои Риштон ва Бешариқ,  Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва аҳли зиё иштирок намуданд. Нахуст меҳмонон аз дастовради хоҷагии халқи шаҳр, ки аз тарафи идораву ташкилот, маҳалла ва муассисаҳои шаҳри Хуҷанд пешниҳод шуда буд, шинос гардиданд.

Сипас, тантанаҳои асосии Ҷашни Наврўзи байналмилал дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳр сурат гирифт.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳри Хуҷандро бо фарорасии Наврўзи байналмилал табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст. Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мақоми онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат бо иштироки тамоми сокинони кишвар таҷлил менамоем.

Таъкид шуд, ки ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.

Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро бо ҷашни Наврўз муборакбод гуфта, аз ҷумла  зикр намуд, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ буда, гузаштагонамон онро ҳамчун пайки шодиву сурур, оғози бедории табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфоӣ таҷлил менамуданд.

Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон – Тоҷикистон бо шукӯҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукӯҳ аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад”.

Воқеан ҳам, ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон куҳнашавиро напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст.

Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардида, барои боз ҳам бештар тақвият пазируфтани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, мо сокинони вилоятро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар маҷмӯъ, кишвари азизамонро боз ҳам обод созем.

Сипас барномаи композитсияи адабӣ-мусиқӣ бахшиа ба Наврўзи байналмилал таҳти унвони «Шукўҳи Наврўзи ҷаҳонӣ» аз ҷониби аҳли ҳунари шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар барномаи фарҳангӣхонандагони мактаби санъати №1 ба номи Лоиқ Шералӣ, ҳунармандони ансамбли «Садои Суғд»-и Кохи фарҳанги Устод Рўдакӣ Олимҷон Воҳидов, Ҳилолиддин Шамсиев, Аловиддин Бобоҷонзода, Отабек Идибоев, Олим Комилов, ҳунармандни шинохта Нигина Амонқулова, Ҳадиса Саркаева, Шодмон Сулаймонӣ, Донишманд Қутбиддинов, Сардор Солиев, Дилороми Меҳр, Субҳиддини Раҷабзод, Ҷўрабек Набиев, Умеда Хидиралиева, Шўҳрат Набиев, Олим Маҳмудов, Акмал Акрамӣ, Гулнора Абдуллоева, Мадинаи Моҳрў, Фатҳиддин Юсуфӣ, ансамблҳои рақсии «Ғаффор Валаматзода», «Зебо», «Парниён», «»Чаманоро», «Маҳастӣ», ҳунармандони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ таронаву рақсҳои ҷолибро пешкаши ҳозирин гардонида, ба чорабинӣ шукуҳи дигар зам карданд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд