Дар доираи баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони  «Оилаи ман – ояндаи дурахшони ман» имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд вохӯриву мулоқотҳо бо хонандагони синфҳои болоӣ  баргузор гардида истодааст.

Чунин вохӯрӣ 19 – уми декабри соли 2017 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳр гузаронида шуд, ки дар он роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» - Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ширкат вазида, аз пуштибонии Саврвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳтиром доштан ба оилаву оиладорӣ ёдовар шуд. Қайд гардид, ки яке аз пояҳои асосии хушбахтии оила ин эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ дар оила аст. Барои ин бояд сатҳи маърифати оиладориро баланд бардошт. Ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ –ин ҳама натиҷаи тарбия дар оила аст.

Хонандагон дар рафти чорабинӣ дар васфи падару модар, оилаю оиладорӣ шеъру таронаҳо қироат намуданд ва ба маҳфил ҳусну таровати хуб бахшиданд.