Субҳи имрӯз дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии «Сари баланд» №20  ва номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мулоқот доир шуд.

Раиси комиссияи ҳавзаи шаҳрии интихобот Хайрулло Нурматов чорабинро ҳусни ифтитоҳ бахшида баён дошт, ки дар мувофиқа бо комиссияи ҳавзавии вилоят шурӯъ аз санаи 11 феврал вохӯриву мулоқотии номзадон сурат гирифта истодааст.

Дар идома шахсони боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, номзадон ба вакилии Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилони халқ Хол Ҳайдар ва  Мирзохалил  Наҷмиддинов, номзад ба вакили Маҷлиси шаҳрии Маҷлиси вакилони халқ Хайрулло Ғайбуллозода бо зиндагинома ва Барномаи пешазинтихоботии номзадон аҳли нишастро шинос намуданд.  Зикр шуд, ки номзадҳо ҳама аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар пиёда сохтани ҳадафҳои барномавии ҳизб, ки ҷавҳараш таъмини зиндагии шоиста ба мардум аст, дар сурати пирӯзи дар интихобот саҳмгузор хоҳанд буд.

Сокинони ҳавза оид ба кӯмаки моддӣ, мумфаршкунии кӯчаҳои ҳудуди маҳал, бештар бо сокинон мулоқот оростани вакилон таклифҳои мушаххас доданд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар баромади хеш зикр дошт, ки ҳизбиёни шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари муаззами ҳизб меҳнати садоқатмандона намуда, бо ташкили ситоди пешазинтихоботии ҳизб барои роҳнамо ба арзу муроҷиатҳои халқ фаъолият бурда истодааст. Ба гуфтаи Маликисломӣ Наим Мунаввар вазифаи гурӯҳи тарғиботчиёну ташвиқотчиёни ҳизб ин пеш аз хама то ба мардум расонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст. Мушкилоти ҷузъие, ки имрӯз дар маҳаллаҳо мушоҳида мешаванд, давра ба давра ҳали худро меёбанд. Алҳол дар шаҳри Хуҷанд аз 510 иншооти ба нақша гирифта шуда дар ҳошияи истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 238 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, 38 километр роҳҳои дохилишаҳрӣ асфалтпӯш гардид. То ҷашни умумимиллӣ мушкилиҳои ҳама соҳаҳҳо бартараф хоҳанд шуд

Вохӯрӣ бо ҳамин анҷом пазируфт.