Ваҳдати миллиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. 

Таърих гувоҳ аст, ки масъалаи соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии қаламрави он хусусияти ниҳоят буҳронӣ касб карда буд, ҳатто хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун афтодани номи кишвари мо саратонвор таҳдид мекард. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта чун афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рӯйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш фаро расид. Вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субъектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ хориҷ шуда буд. Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои куҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ тани танҳо дар муқобили мушкилоти сершумори худ монданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. 

Вале муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдату якдилии саросарӣ ва сапедадами ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» расонид. Аз ин ҷиҳат, санаи 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд. Ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад; ягонагӣ устувор шуд ва ҷудоӣ барканор шуд; низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рӯйи кор омад; хушбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйиротҳои ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс миллатро муттаҳид кард; Тоҷикистон ҳамчун субъек¬ти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.

Ҷанги солҳои 90-умро дар  Тоҷикистон бо номҳои гуногун муаррифӣ  кардаанд, аз ҷумла онро ҷанги дохилӣ,  ҷанги шаҳрвандӣ,  ҷанги бародаркуш номиданд. Хушбахтона, он дар як муддати кӯтоҳ паси сар шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми тоҷик мардумест, ки ҷангро намехоҳад, мардуми сулҳдӯсту сулҳпараст мебошад. Ин созишномаи сулҳе, ки ба имзо расид, пеш аз ҳама натиҷаи хираду ақлу  заковати азалии мардуми тоҷик ва аз он бештар роҳбарони ду ҷониб буд. Дар баробари ин дӯстони русу эронӣ, афғону қазоқу дигар, барои муваффақ шудан ба ин сулҳ ба мо кумак карданд. Ин ҷо  хидмати онҳоро мо низ бояд нодида нагирем. Яъне пеш аз ҳама ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ хидмати бузурги миллати тоҷик, сарони ин миллат ва баъдан дӯстони дуру наздики мо буд, ки воқеан мехостанд дар ин сарзамин оромӣ ҳукмрон бошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тағйиротҳои гуногун дар ҳаёти мардум ба вуқӯъ пайваст, мардуми парешон сарҷамъ шуда, ба бунёди иншоотҳои бузург, корҳои ободонӣ ва дар маҷмӯъ муаррифӣ намудани имиҷи давлату миллати Тоҷикистон ба ваҷҳи некӯ дар миқёси байналмилалӣ камари ҳиммат бастанд. Тӯли ин солҳо навгониҳои зиёд, чорабиниҳои сатҳи гуногун ва базму тараби зиёд насиби мардуми шарифи Тоҷикистон гардид. Ҷаҳише ба вуҷуд омад, ки моро ба таври ҳамешагӣ аз муҳтоҷ будан ба дигарон ва гирифторӣ дар банду бало раҳоӣ бахшид. 

Аз баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати комили миллӣ имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ  аз харобиҳои он даврони ноором осоре боқӣ  намондааст ва дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкорӣ Тоҷикистон сол то сол ободу зеботар мегардад. Баробари таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ, рушди соҳаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва созандагиву бунёдкорӣ тадриҷан вусъат ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум низ сол ба сол беҳтар мегардад.

Хуллас, тамоми дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст.  бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Воқеан ҳам дастовардҳое, ки мо дорем, дар муқоиса ба солҳои пешин хеле чашмгир ва назаррасанд. Маҳз ҳамин оромӣ аст, ки мардум имрӯз ба бунёдкорӣ ва созандагӣ даст задаанд.

Аз ин рe, xавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд.

Ҳар як тоҷик бояд худро шиносад, донад  ки тоҷик кӣ буд ва дар оянда бояд дар кадом сатҳ қарор дошта бошад. Барои он ки мо худшинос шавем, бояд таърихи гузашта, фарҳангу тамаддуни пурбори худро омӯзем, ба умқи он сарфаҳм равем. Танҳо дар он маврид мо метавонем ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем.

Бояд гуфт, ки 20 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаву сарнавиштсоз, яъне Рӯзи ваҳдати миллиро ҳар сол бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта ва имрӯзаву ояндаи кишвар таҷлил менамоянд.

Фарҳанги ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки стратегияи рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгони пурифтихорамон нуҳуфта аст ва ба ҷуз он чизи дигаре нест.

 

                                Мавзуна Оқилова

муаллимаи кафедраи 

сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии

 ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров