"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

ЧОРАБИНИИ “МО БО ШУМОЕМ” НАВРАСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУДРО БО ҲАМ ОВАРД

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи босамару ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа таҳти унвони «Мо бо шумоем» озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз намуд. Дар иртибот ба баргузории ин озмун нимаи дуюми рӯзи гузашта дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар

Аёдат дар арафаи ид

Дар арафаи иди Рамазон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ якчанд маъюбон ва оилаҳои ниёзманди шаҳри Хуҷандро аёдат намуданд ва ба оилаҳои мазкур ёрии молиявӣ расонида шуд.

Арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқадорон  

 

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқадорони меҳнат дар арафаи иди Рамазон аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ аёдати собиқадорони меҳнат Ҳамро Тоҳирова, Муҳаббат Шарифхӯҷаева ва дигарон роҳандозӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ бо собиқадорон пеш аз ҳама табрикоти Роҳбарияти ҲХДТ ба муносибати фарорасии  иди Рамазон расонида шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддию молиявӣ дастрас гардид.