"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Фаъолон нақшаи обунаро иҷро карданд

Аз 10 июни соли 2015 сар карда маъракаи «Обуна-2016» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» оғоз гардида, дар ин давра аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ташкилотҳои ибтидоӣ мувофиқи меъёри муқарраргардида, мактубҳо ирсол карда шуд.


Нравится

Сафи аъзои ҲХДТ меафзояд

Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ба яке аз собиқадори меҳнат, истиқоматкунандаи маҳаллаи «Тиллокон» Рустамҷон Сулаймонов, ки чанде пеш оид ба дохил шудан ба узвияти ҲХДТ бо аризаи шахсии худ муроҷиат намуда буд, шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд.


Нравится

Муроҷиати шаҳрвандон дар қабулгоҳи ҷамъиятӣ

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд санаи 12-уми сентябр қабулгоҳи ҷамъиятӣ баргузор гардид. Дар қабулгоҳи ҷамъиятии Кумиҷроияи шаҳрӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, Дилрабо Мансурова, Гулбаҳор Турсунова ва Абдуҳалим Ғаффоров ширкат варзиданд.


Нравится