"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Писари ман сарбози Ватан аст

Дар асоси нақшаи муштараки шӯъбаи кор бо занон, шӯъбаи кор бо чавонон ва ташкилоти ҷамиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров маҳфили адабӣ- фарҳангӣ таҳти унвони «Писари ман сарбози Ватан аст» бахшида ба 23-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфил аз ду қисмат иборат буд; Қисмати якум дар шакли сӯҳбати гирди Мизи мудаввар ва қисмати дуюм бо барномаи фархангӣ- фароғатӣ анҷом пазируфт. Ба маҳфил модарони афсароне, ки фарзандони онҳо имрӯзҳо ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта хизмат карда истодаанд, даъват шуда буданд.


Нравится

Чорабинии фарҳангӣ- маърифатӣ дар қисми низомӣ

Санаи 23-уми феврали соли 2016 мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва бахши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо афсарону сарбозони комендатураи ҳарбии горнизони Суғд баргузор гардид. Дар ифтитоҳи чорабинӣ раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Наим Маликисломов ҳамаи афсарону сарбозонро ба муносибати таҷлили 23-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, барои хизматҳои шоёнашон дар ҷодаи ҳимояи Ватан миннатдорӣ баён намуд ва ба афсарони пешқадам тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуд. Инчунин, баҳри болидахотирии афсарону сарбозон барномаи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорон баргузор гардид.


Нравится

Чорабинии идона дар кӯдакистони №26

Бахшида ба 23 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯдакистони рақами 26-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов иштирок намуд. Раиси кумиҷроия иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ин иди барои мардуми шарафманди Тоҷикистон азизу муқаддас табрик намуда, зикр дошт, ки маҳз бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвоми миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши миллӣ қодир аст дар ҳифзи манфиату амнияти миллату давлати соҳибистиқлоламон бошад ва ҳаёти осоиштагии мардуми кишварро таъмин намояд.


Нравится