"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Таътил бо самар гузашт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси таърихӣ, сиёсатмадору хирадманд бо қаҳрамониҳову ташрифҳои худ дар арафаи иду айём ба ҳар як гӯшаи канори кишвар дар дили мо шуҷоату ҷасоратро тарбия менамояд. Давоми чоряк асри Истиқлолият аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаҳонишавии Наврӯз, гузаронидани маъракаҳо ва кушодани осорхонаҳо, ёдбуди адибону олимони маъруф ба монанди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Рӯдакиву Лоиқ, Мавлоно Ҷалолиддини Румиву Ҷомӣ, Туғралу Хоҷа Камол аз қабили иқдомҳои хуби Ҷанои Олӣ аст.


Нравится

Шукри ободию осудагии Ватан мекунам

Ман Гулнора Ғаниева муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Мадад»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мо як гурӯҳ занҳои фаъоли шаҳри Хуҷанд аз ҷойҳои таърихии шаҳри Панҷакенти бостонӣ дидан намудем. Сафари мо дар рӯзҳои 23 ва 24 июли соли равон сурат гирифт. Воқеан, ман дар ин сафар ба худ хеле таассуроти зиёдро гирифтам. Хусусан, заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро ҷиҳати таъмиру тармими роҳҳои мошингард, таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат дар самти эҳё намудани ҷойҳои таърихӣ аз қабили шаҳраки қадимаи Саразм, муҷассамаи Асосгузори адабиёти класикии форсу тоҷик Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ ва хонамузейи шоири зиндаёд Лоиқ Шералиро ба чашми худ дидем.


Нравится

ТААССУРОТ АЗ САФАР

Гаҳ рост, гаҳ пурпечутоб, То қулла боло меравӣ, Аз байни барфу тармаҳо, Бо сад таманно меравӣ.Ин сатрҳои навиштаи Лоиқи зиндаёд аст, ки ба роҳҳо навишта шудаанд. Ҳанӯз 15- сол қабл бароям насиб гардида буд, ки дар ҷашни 60-солагии ин шоири бузургвор иштирок намоям. Он давра роҳ ниҳоят дуру дароз ва ноҳамвор буд. Худ ба худ мегуфтам, ки кай ба шаҳри Панҷакент омада мерасида бошем. Охир ин роҳро мо кай тай намуда, ба манзили хеш мерасем?


Нравится