"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Ташкили фурӯшгоҳи сайёри деҳконони шаҳри Исфара дар Хуҷанд.

Бо мақсади мусоидат намудан барои паст намудани маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Яке аз ин чораҳо ташкили фурӯшгоҳи сайёр дар мавзеҳои серодами шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.


Нравится

«РОҒУН» ВАСИЛАИ ТИФОҚИИ МИНТАҚА ҲАСТ НА ҶУДОИАНДОЗӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд карда буданд, ки Тоҷикистон даҳ соли аввали соҳибистиқлолии худро танҳо ба хотири оромӣ, сулҳу суботи ҷомеа бахшида, марҳилаи муҳими созандагиву бунёдкориро маҳз дар даҳсолаи дуюм оғоз кард. Расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ дар қатори се ҳадафи стратегии кишвар қарор дошта, солҳои охир барои ноил шудан ба ин ҳадаф иқдомҳои ҷиддие рӯи кор омад. Мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва 2, таҷдиду азнавбарқароркунии нерӯгоҳи барқии Қайроққум бо номи «Дӯстии халқҳо» ва «Помир» худ далолати он аст, ки давлат ва ҳукумат мекӯшад, то талаботи аҳолиро барои истифодабарии нерӯи барқ таъмин созад. Аммо воқеияти ҳол нишон медиҳад, ки то кунун мо наметавонем эҳтиёҷоти сокинонро дар ин маврид дар мавсими сармо бароварда бошем.


Нравится

Нахустин мусобиқаи валейболи соҳилӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тибқи нақшаи тақвими чорабиниҳи оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 ва дар асоси фармоиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейболи соҳилӣ байни мардон ва бонувон аз санаи 29 то 31 июли соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд дар соҳили Сирдарё оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур ду даста аз вилояти Суғд, 2 даста аз вилояти Хатлон, 2 даста аз шаҳри Душанбе ва як даста аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъ 22 нафар варзишгарон иштирок намуда истодаанд, ки 8 нафарашон бонувон мебошад. Мақсад аз баргузори мусобиқа тарғибу ташвиқи волейболи соҳилӣ байни мардон ва бонувон, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


Нравится