"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Наима Раҳматова – ғолиби озмуни «Омӯзгори сол-2016» дар шаҳри Хуҷанд

Даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори сол-2016» дар шаҳри Хуҷанд дар мактаби №5 баргузор гардид. Дар даври мактабии озмун 150 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба иштирок карда, ба давраи дуввум 33 нафар роҳхат гирифтанд. Баъди гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ба даври якум 11 нафар ва ба даври ниҳоии озмун 3 нафар беҳтарин муаллимони шаҳри Хуҷанд: Наима Раҳматова, Санавбар Назарова ва Машҳура Қодирова  сазовори роҳхат гаштанд. Шартҳои озмун иборат аз муаррифии машғулиятҳои амалӣ ва методикаи таълим, пурсиш ба саволҳои санадҳои ҳуқуқи меъёрӣ ва фанҳ

Санҷиши ташкилоти ибтидоии «Бозори Панҷшанбе»

Имрӯз  5 октябри соли 2016 тибқи нақшаи корӣ мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов аз ташкилоти ибтидоии «Бозори Панҷшанбе» дидан намуд. Айни замон дар ташкилоти ибтидоии «Бозори Панҷшанбе» 103  нафар аъзоёни ҲХДТ ба қайд гирифта шудаанд. Ташкилоти ибтидоӣ дорои утоқи кории алоҳида буда, дар он гӯшаҳои вобаста ба фаъолияти ҳизб овехта шудааст. Инчунин ҷевон барои ҷо ба ҷо гузоштани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мавҷуд аст. Зимни санҷиш маълум гардид, ки мувофиқи феҳристи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби ку

Пешвои миллат ва сиёсати забон

Дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  конфересияи илмии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва сиёсати забон» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён  баргузор гардид.  Конфересияро декани  факултети филологияи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Мӯсо Олимҷонов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҳозиринро бо Рӯзи забони давлаӣ табрик намуд.  Муовини &nb