"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Таҷлили рӯзи «Пиронсолон ва маъюбон»

Санаи 8-уми июл дар тарабхонаи «Ҷавонӣ» бахшида ба рӯзи «Пиронсолон ва маъюбон» чорабинии фарҳангии вилоятию шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, табрикоти Роҳбарияти ҲХДТ-ро ба иштирокчиён расонида, ба Ҷамъияти маъюбон тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳри Хуҷандро тақдим намуданд.


Нравится

Ороиш ва чароғонкунии Хуҷанд идома дорад.

Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Муассиаи давлатии чароғонкунии шаҳр таъмиру азнавсозӣ ва насби воситахои равшанидиҳию ва ороиширо дар кӯчаю хиёбон ва маҳаллаҳои шаҳр ба анҷом мерасонад. Вобаста ба супориши зикргардида ва нақшаи корӣ бори аввал қисми кӯчаҳои маҳаллаи «Тиллокон», ки ин вакт сокинони он аз равшан набудани кӯчаҳои ин минтақа шабона душворӣ мекашиданд, 6200 метр хатти барқ кашида шуда, фурузонакҳои диодӣ бо ноқилқуттӣ насб карда шуд.


Нравится

Қадршиносии аъзои ҲХДТ

Санаи 03 июл дар маҷлисгоҳи шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 70- солагии собиқ раиси шабакаи барқи шаҳр, собиқадори соҳаи энергетика, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Иномҷон Сангинов баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзида, соҳибҷашнро ба муносибати рўзи мавлудаш аз номи роҳбарияти ҲХДТ табрику муборакбод намуда, ба ў тўҳфаи хотиравии Кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуд.


Нравится