"Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!"

Забони миллат- ҳастии миллат

Шуруъ аз соли 2009, санаи 5 октябр чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамасола ҳамчун ҷашни умумиллӣ дар  саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ Гулноз, шоираи ширинкалом Дилором ва устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат

Намоиши филми ҳуҷҷатӣ

Имрӯз санаи 6 октябри соли 2017 тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва иҷроиши фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Зайниддин Осимов» ва «Аловиддин Бобоев» филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат»  намоиш дода

Забон – рукни асосии миллат ва давлат

Миллату давлат пуштибони забонанд. Барои бузургдошти забон ва фарҳанги тоҷик мардуми кишвар бо ҳамбастагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талош менамояд. Баробари ба Истиқлолият расидан забони давлатӣ низ ба стратегияи давлатӣ табдил дода шуд. Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ҷузъе аз ифтихори ватандорист, ки аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сарчашма мегирад. Боиси хурсандист, ки ҳамасола Рӯзи забон ба таҷлили яке аз с