Нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи ташкил кардани Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон). -12 июни соли 1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардид. -10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард. -15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳти № 199 номнавис намуд. - 30 марти соли 1996 Анҷумани II-юми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид. - 7 сентябри соли 1996 шумораи аввалини нашрияи ҳизб - рўзномаи«Минбари халқ» аз чоп баромад. -25 июни соли 1997 Анҷумани III-юм номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод. -18 апрели соли 1998 Анҷумани IV-уми ҲХДТ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб кард. - 23 сентябри соли 1999 Анҷумани V-уми ҲХДТ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. -25 декабри соли 1999 Анҷумани VI-уми ҲХДТ номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба вакилии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кард. -22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII-уми стратегия ва тактикаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа - давраи бунёдкорӣ ва созандагӣ муайян намуд. -21 декабри соли 2001 маҷлиси КИМ ҲХДТ дар асоси маърўзаи Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон оид ба дигаргунсозиҳои куллӣ дар фаъолияти ҳизб қарорҳои таърихӣ қабул намуд. - 26 декабри соли 2003 маҷлиси КИМ ҲХДТ вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатии ҲХДТ-ро дар марҳилаи ҳозира муҳокима намуд. - 22 октябри соли 2004 маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор шуд. Маҷлис суханронии Раиси ҲХДТ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи рафти тайёрии ташкилотҳои ҲХДТ ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунид. Оиди чорабиниҳои КИМ ҲХДТ бахшида ба даҳумин солгарди ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва даъвати Анҷумани VIII-уми ҲХДТ қарорҳои дахлдор қабул кард. -18 декабри соли 2004 Анҷумани VIII ҲХДТ асосгузори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз нав интихоб намуд. Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро тасдиқ карда, ба Оинномаи ҲХДТ тағйиру иловаҳо ворид сохт. -21 декабри соли 2005 маҷлиси КИМ ҲХДТ маърўзаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҲХДТ» шунида, қарорҳои дахлдор қабул кард. Масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Низомнома дар бораи интихоби кумиҷроияҳои ҲХДТ», «Низомнома дар бораи фаъолияти молиявии ҲХДТ» ва дар бораи ворид намудани тағйирот ба сохтори Дастгоҳи КИМ ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарор гирифтанд. Оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. -22 июли соли 2006 маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор гардид. Маҷлис санаи баргузории Анҷумани IX ҲХДТ — 23 сентябри соли 2006-ро муайян намуда, рўзномаи онро тасдиқ кард. -22 сентябри соли 2006 рўзномаи электронии ҲХДТ — «Tribun.tj» ба фаъолият оғоз намуд. -23 сентябри соли 2006 Анҷумани IX Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Анҷуман як масъала — пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гардид. Анҷуман дар бораи ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якдилона қарор қабул кард. -11 маи соли 2007 дар ноҳияи Ҳисор семинарии умумиҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзўи «Татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон асоси таҳкими сафҳои ҳизб ва баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа» баргузор гардид. - 2-3 маи соли 2008 дар шаҳри Душанбе машварати умуми ҷумҳуриявии ҲХДТ баргузор гардид. Дар машварат қарор дар бораи «Ба сарпарастии маънавӣ гирифтани сохтмони НБО-и Роғун аз тарафи ҲХДТ» қабул шуд. -9-10 октябри соли 2008 дар ноҳияи Рашт машварати умуми ҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзўи «Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ҳамчун омили асосии таҳкими ваҳдату субботи миллӣ» доир гашт. Дар машварат муроҷиатномаи фаъолзанони ҳизб ба ҳамаи бонувони кишвар қабул гардид. -15 августи соли 2009 дар ноҳияи Рўшон семинари умуми ҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзўи «Роҳу усулҳои муосири тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ҲХДТ дар марҳилаи омодагӣ ба маъракаҳои интихоботӣ» баргузор гардид. -26 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе Анҷумани X-уми ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси ҲХДТ интихоб гардид. Инчунин дар рафти Анчуман якқатор қонунҳои дахлдор қабул шуданд. Ба Оинномаи ҲХДТ тағйироту иловаҳо ворид гардида, Барномаи нави ҲХДТ қабул шуд.