Бо мақсади иҷрои дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии оилаҳои ниёзманду ятимон ва иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд доир ба баргузории аксияи «Нури маърифат» аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Себзор №7, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наим Маликисломов панҷ нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳр, ки аз оилаҳои ниёзманд ва ятимон мебошанд бо лавозимотҳои хониш таъмин гардиданд. Чунин иқдомро Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар шаҳри Хуҷанд давом дода, дар ҳамкорӣ бо вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани аксияи мазкур саҳми назарраси худро мегузорад.