Мусаллам аст, ки шароити зисту зиндагонии маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Дар ин замина бо иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд ва маъюбон нафақаи ҳизбӣ ҷорӣ гардида, он аз ибтидои соли равон амалӣ гардида истодааст.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба се нафар маъюбони оилаи Абдуғаниевҳо сокинони шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 13, бинои 14, ҳуҷраи 26 нафақаи ҳизбӣ дода шуд.