Дар участкаи интихоботии №53 воқеъ дар муассисаи давлатии таълимии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар доираи мулоқот ва муаррифии номзадон ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрии судманди интихобкунандагон бо номзадон ба вакилони халқӣ баргузор гардид.

Мулоқотро раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 Баҳодур Муъминов ифтитоҳ намуда, ҳадафи мулоқотро шарҳ дод. Таъкид гардид, ки дар мулоқоти имрӯз номзадон ба вакилии парлумони касбӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 ва номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ №4 бо шахсони боэътимодашон ҳузур доранд ва барояшон фурсат дода мешавад, ки барномаҳои интихоботиашонро муаррифӣ намоянд.

Сипас, шахсони боэътимоди Гулбаҳор Назирӣ, Суҳробҷон Самадов, Мубина Хоҷаева, Шуҳрат Файзуллоев, ки номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Хуҷанд №13 мебошанд ва ашхоси бовариноки Маъруф Муҳаммадзода, Муҳсин Ҷабборзода, Малика Исобоева ва Диловара Қодирова, ки номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Камоли Хуҷандӣ №4 мебошанд, тарҷумаи ҳол ва барномаи интихоботии вакилони ояндаро муаррифӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳои афзалиятноки муайянкунанда, албатта, барои ҳар як шаҳванди диёр, махсусан ҷавононе, ки бори аввал дар ин маъракаҳои сиёсӣ иштирок ва қисме аз онҳо ба сифати вакил пешбарӣ мегарданд, бисёр муҳим мебошад. Зеро мутобиқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми бештари вакилони пешбаринамуда ба Маҷлиси намояндагон ва вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро ҷавонони донишманди касбу кори гуногун ташкил медиҳанд, ки бо итминону сарфарозӣ метавон афзуд, ки чунин неруи тавонманд дар рушду пешрафи кишварамон нақши муассир мегузорад. Таваҷҷуҳу эътимод ба неруи ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳиму асосие ба шумор меравад, ки Пешвои муаззами миллат ҳанўз аз давраи аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба он аҳамияти махсус зоҳир намуда, онро дар сархати пешбурди фаъолият қарор додааст.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд