Дар доираи нақша - чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати корҳои тарғиботӣ байни аъзоёни ҳизб оид ба шарҳи нуктаҳои муҳими  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин навбат вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “Сохтмон”  баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботии кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Хайринисо Темирова, сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Шафақ” Назокат Юсуфова ва раиси ташкилоти ибтидоии “Сохтмон” Имомиддин Мухторов ширкат варзида, нуктаҳои асосии Паёмро ба аъзоёни фаъоли ҳизб фаҳмонид ва  қайд намуд, ки ҳангоми ироаи Паёми имсола Роҳбари давлат ба масъалаи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, идоракунии босамари молияи давлатӣ, тақвиятбахшии корҳо ҷиҳати таъмини иҷрои босифати қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ, самаранок истифодабарии имкониятҳои мавҷуда баҳри рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи ахлоқию хештаншиносии насли ҷавон, омодасозии мутахассисони ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод намудани бонувон ва кадрҳои ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз эътибори махсус дода, ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои хешро доданд.

Моро мебояд барои саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои додашуда, фаъолиятамонро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монем, то ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида, барои рушду нумуи кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошем.