Ба ҳамагон маълум аст, ки кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки баҳри барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар, ободӣ, баланд бардоштани сатҳи зисти аҳолӣ, вусъати робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, инсонӣ ва дар сатҳи муносибатҳои баланди байналмилалӣ баровардани Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар ташаккули ҳаёти ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии онҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар шаклгирии низоми ҳуқуқии тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он шахсиятҳои таърихи муосир ҳастанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқии муосири давлати соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ҳуқуқии ниёгон, таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ хизматҳои шоиста намудаанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъияти басо хатарнок ба уҳда гирифта буданд. Чунки ҳамон солҳои вазнин, вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта муқобили ҳамдигар қиём менамуданд, касе роҳбарии кишвар ва бори сангини мардуми тоҷикро ба ҷузъ Эмомалӣ Раҳмон ба зимма нагирифт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат мушкилу тақдирсоз ва барои таърих фаромӯшнашаванда, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, балки бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дӯш гирифта, дар баромади аввалини худ, дар Иҷлосияи XVI-Шӯрои олии Љумҳурии Тољикистон Тоҷикистон дар Қасри Арбоб аҳд карданд, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоваранд ва Худованду мардуми тоҷик шоҳиданд, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ вафо намуданд.

Дар ин радиф Сарвари давлат чунин гуфта буданд, ки «Ман ба раҳми парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам боварӣ доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва руҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам».

Сиёсати Президенти кишвар дар даврони Истиқлолият баҳри аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамон ва таъмини ҳаракати озодии одамон ва мол ҳадафи стратегӣ барои миллати тоҷик ва аҳамияти байналмилалӣ дошта, на танҳо барои Тоҷикистон, балки ба кишварҳои ҳамсоя низ шароити мусоидро барои гардиши мол ва вусъати тиҷорат ба вуҷуд овард. Дар ин самт Сарвари давлат ҳанӯз аз давраҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон барои ҳалли мушкилиҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ ба мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолияти дипломатиро оѓоз карда буданд. Баъд аз истиқрори сулҳ то инҷониб ин фаъолият хеле васеътар ва пурсамартар гардида истодааст. Чунин самти фаъолияти Сарвари давлат аз вусъати робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ инсонӣ ва дар сатҳи муносибатҳои баланди байналмилалӣ баровардани сиёсати дохилии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дигар самти фаъолияти Пешвои миллат, ки дар тули 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи баланд ба иҷро расид, ин ислоҳоти конститутсионӣ ва рушди низоми ҳуқуқӣ таҳти роҳбарии бунёдгузори давлати миллӣ, низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил доданд.

 

Солиев И.М. – аъзои ҲХДТ

дар шаҳри Хуҷанд