Бо иштироки муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  Рухсора Давлатзода, сармуҳаррири нашрияи «Шафақ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдусабур Абдуваҳҳобов, мудири шубаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эхсон Исоев мулоқот ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Чорабиниро Бахтовар Поччоев, ҷониши директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои тарбиявӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Паёми Сарвари давлат бо назардошти фарогирии тамоми самтҳои хоҷагии халқ ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида, чун барномаи мукаммал ва раҳнамоӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаамон хизмат хоҳад кард.

Дар баромади Абдусабур Абдуваҳҳобов зикр шуд, ки дар қиёс ба Паёмҳои солҳои пешин ироагашта нуктаи меҳварии Паёми имсола ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, эҳтиром ва арзиши неъмати бебаҳои табиат- об, гирифтани се – чор ҳосил аз як замин ва муҳимтар аз хама баланд бардоштани ифтихор ва худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба гузаштаи пурғановати худ  буд.

Номзади илмҳои суханшиносӣ Рухсора Давлатзода аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ сухан карда, зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқололӣ ба беҳдошти сатҳу сифати таълим, пояи моддиву техники муассисаҳои таълимӣ, бунёду азнавсозии иншооти соҳаи маориф садҳо миллион маблағ сарф гардида, танҳо соли гузашта бо харҷи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 32 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар соҳаи тандурустӣ низ бо иқдоми бевоситаи Сарвари давлат 154 муассисаҳои солимгардонӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон бо харҷи 950 миллион сомонӣ 320 номгӯй таҷҳизотҳо барои истеҳсоли доруворӣ ба ҳудуди кишвар ворид гардиданд.

Ҷомеаи меҳнатии коллеҷ бо ифтихор ва руҳбаландӣ дар фуроварди чорабинӣ таъкид доштанд, ки бандҳои Паёмро маҳаки асосии фаъолияти худ қарор хоҳанд дод.