Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дарси кушоди сармуаллими кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ Ҷамшед Тюраев дар мавзӯи «Пешвои мо ифтихори мо» баргузор гардид.

 Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ дар баромади худ доир ба хизматҳои шоён ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки воқеан таҳкими сулҳу ваҳдат мояи пирӯзӣ ва саодату хушнудиву хушбахтии мардум  аст. Ҳамаи ин файзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мардуми он шоистаи ин гуна бахту саодат низ ҳастанд. Лекин нақши барҷаста ва созандае, ки Пешвои миллати мо барои таърих ва обрӯи  Тоҷикистон, барои ба сатҳи баланд бардоштани сиёсати давлатдории навин гузоштаанд,  қобили зикри махсус аст.

Сипас, сармуаллими кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ Ҷамшед Тюраев ба маърӯза баромада, зикр кард, ки Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-иди бузурги умумимиллӣ, тантанаи волоияти қонун ва маҳбубияти хоссае мебошад, ки дар ин  рӯз  сипосгузорӣ  намудан  ба  хизматҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун шахсияти сулҳофару бобаракат боиси дастгирист.

Имрӯз дар кишвари мо ҷашнҳои гуногун  ва  барномаҳои фарҳангию сиёсӣ бо рамзу анъана ва суннатҳои миллӣ хеле зиёд  муаррифӣ  мегарданд  ва  мардум онҳоро  бо  шодию сурур ва  ифтихормандиҳо истиқбол мегиранд. Дар баробари самимияту  эҳтироми хосса ва арҷгузориҳо ба Рӯзи  Президент, ки  дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад,  ин  чорабинии  сиёсӣ  боз иқдоми накӯест, ки  барои  қадршиносии заҳматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат ва  вориси тоҷикони ҷаҳон   муҳимияти  хосса дорад.