Мутобиқи нақша-чорабиниҳои шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Хуҷанд» мулоқоти  ҳадафманду ошкоро бо  намояндагони фаъоли  Кумитаи маҳаллаи мазкур, соҳибхоназанҳо, аъзоҳои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони  Ватан» ҷиҳати пурзӯр намудани даъват ба Артиши миллӣ баргузор гардид.

         Ҳифзи марзи буми Ватан, ҳар як ваҷаб хоки он асолату рисолати ҷавонмардии мост. Аз ин лиҳоз, модарону занони фаъоли ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Хуҷанд» даъват ба амал оварданд, ки фарзандони хешро дар ҳифзи кишвари соҳибистиқлол омода созанд ва дар тадбиқи амали ин мисол бетараф набошанд.