Дар маҷлисгоҳи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров  бо  ҷалби муовинони раиси  ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Б. Ғафуров»-и назди Кумитаи маҳаллаи «Раззоқ»- шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ ва дастурдиҳӣ доир гардид.

Дар кори семинар мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова  ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «Б.Ғафуров» Ӯғулой Умаралиева ширкат доштанд.

 Ӯғулой Умаралиева чорабиниро оғоз бахшида, дар бораи нақш ва мақоми зиёиён дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ ва маънавии кишвар сухан ронд. Таъкид гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, ки барномаи мукаммали панҷсолаи хоҷагии халқ мебошад, бояд дастури рӯимизии ҳар як фарди худогоҳу заковатпеша бошад. 

Дар идомаи суханронии худ мавсуф қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун пиёдакунандаи ҳадаф ва ормони давлат ва ҳукумат маҳсуб меёбад. Яке аз роҳҳои таҳким бахшидани нерӯ ва тавоноии ҳизб,  аъзогӣ ва то ба мардум расонидани ҳадафҳои оинномавӣ ва барномаи ҳизб мебошад.

Бо ҳамин ба семинари дастурдиҳӣ ҳусни тафоҳум бахшида шуд.