Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар  маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Суғдиён” бо иштироки фаъолзанони шаҳр дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар нишаст Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва бонувони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони тоҷик бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар ҷодаҳои мухталифи хоҷагии халќ корнамоиҳо нишон дода, ба дастовардҳои азим соҳиб шаванд. Саҳми занону бонувон ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад.

Зикр шуд, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд. Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд. Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад.Дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад. Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд. Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд