Яке аз нишондодҳои Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва шахсан Раиси ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои наздик соҳиби бинои худи шудани кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии кишвар мебошад. Боиси хушнудист, ки ин дастур дар маҳаллаҳо зина ба зина амалӣ гардида истодааст. Чунончи дар вилояти Суғд алакай якчанд кумиҷроияҳои ҳизбӣ соҳиби бинои худ гардида, фаъолияташонро густариш дода истодаанд.

Навиди хушоянд он аст, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва пуштибонии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, инчунин бо дастгирии аъзоёни фаъоли ҳизб ва саховатмандон сохтмони утоқҳои кориро дар ошёнаи сеюми бинои кумиҷроияи вилоятӣ ба анҷом расониданд.

Утоқҳои кории барҳаво барои кормандон, шароити хуби моддиву техникӣ минбаъд имкон фароҳам меорад, ки фаъолияти ин ташкилот боз ҳам ривоҷ ёбад.

Бояд зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Хуҷанд аз калонтарин кумиҷроияҳои вилоят маҳсуб ёфта, айни замон теъдоди аъзояш ба 15188 нафар расида, онҳо дар 4 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 215 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд.

Кумиҷроия бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, такмили коргузорӣ, баргузор намудани чорабиниҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, тарғиби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ташаббусҳои хубу ҷолиб нишон медиҳад.

Баргузории аксияҳо, аёдати маъюбону шахсони яккаву танҳо, дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа, доир намудани чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, ташкили маҳфилҳо барои бонувон, бетараф набудан ба масъалаҳои доғи ҷомеа аз корҳои басубут расонидаи аҳли заҳмати ин ташкилот мебошад.

Итминони комил дорем, ки бо фароҳам омадани шароити кории хуб минбаъд низ кумиҷроия барои амалисозии дастурҳои оинномавию барномавии ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳад.