Ҳамасола бо иштироки Сарвари давлат оғоз гардидани Дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

Имсол низ ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ дар радифи тамоми мардуми сарбаланди кишварамон, Рӯзи донишро дар фазои рӯҳбаландии беназир аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз дастовардҳои хурсандибахши Ватани азизамон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, омодагии саросарӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд.

Имрӯз чун ҳамешагӣ 1 сентябр - Рӯзи дониш дар донишгоҳ аз тамошои оммавии Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки мустақиман тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пахш гардид, оғоз ёфт. Тамошои суханронии Сарвари давлат ба ифтихори Рӯзи дониш дар тамоми сохторҳои донишгоҳ дар сатҳи баланд ташкил карда шуд.

Пас аз анҷоми Дарси сулҳ бо иштироки Пешвои миллат ректори донишгоҳ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир ҳозиринро бо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ муборакбод намуда, ба ҳамагон дар соли хониши нав фатҳи қуллаҳои баланди дониш ва комёбию сарбаландиҳо орзу намуд.

Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  Тоҷибой Султонӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, ҳайати омӯзгорону профессорон, кормандон ва кулли муҳассилинро бо оғози соли нави таҳсил ва ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Ҳамзамон, Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд  Наим Маликисломӣ табрикоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, ба аҳли ҷомеаи донишгоҳ дар соли хониши нав бурдбориҳо таманно намуд.

Барномаи рангини ансамбли “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ табъи ҳозиронро болида намуда, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.