Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар иди омӯзгор ҷашн гирифта мешавад. Аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии раиси кумиҷроия Наим Маликисломов ҷиҳати ҳавасманд намудани аъзоёни фаъоли ҳизб, ки дар соҳаи маориф кору фаъолият мебаранд, дар маҷлисҳои тантанавии макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бахшида ба рӯзи омӯзгор, ширкат варзида, ҳамаи омӯзгоронро ба ифтихори иди касбиашон табрику муборакбод намуданд ва ба якчанд омӯзгорон, аъзоёни фаъоли ҲХДТ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуданд. Дар воқеъ муаллим, омӯзгор –вожаҳое, ки барои инсон ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ шахсест, ки дар баробари волидайни мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст. Идатон муборак омӯзгорони азиз.

Муаллим сарвару саркори инсон,

Муаллим номбардори азизон.

Ба даҳри беҳудуду олами даҳр,

Муаллим ҷамъи ахбори парешон.