Субҳи 8 август машварати назди раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гадид, ки дар он ҳамаи кормандони кумиҷроия ширкат варзиданд. Дар машварат аз ҷониби кормандон оид ба корҳои иҷрошудаи ҳафтаи сипаригашта маълумот дода шуд. Сипас, раиси кумитаи иҷроия ба кормандон барои дар амал тадбиқ намудани фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба баргузор намудани аксияи «Нури маърифат» ва иҷрои нақшаи ҳафтаи равон дастуру супориши мушаххас дод.