Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Ситоди «Обуна-2023» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва «Шафақ» доир гардид. Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати ситоди «Обуна-2023»  29 нафар шомил буда, аксари кулли онҳоро кормандони кумиҷроия,  мудирон, сармутахассисон ва мутахассисони пешбари бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сарварони муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ ташкил медиҳанд.

           Дар рафта ҷаласаи Ситод раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар вазъи обунашавӣ ба нашрияҳои ҳизбиро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба ислоҳи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, ҷоннок намудани кор ва истифодаи босамар аз имкониятҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.