Дастонатонро тез-тез бо собун шӯед ё ин ки бо маҳлулҳои антисептикӣ тоза намоед! Даҳон ва бинии худро ҳангоми сулфа ва атсазанӣ бо рўймолчаи яккарата ё ин ки пушти оринҷатон пӯшонед!

Рӯймолчаи истифодашударо ба қуттии сарпӯшдор партоед!

Дар манзили зист, ҷои кор, таҳсил ва дигар ҷойҳо ҳолати санитариро ҷиддӣ риоя кунед!

Бо шахсони дигар аз даст фишурдан ҳангоми салом худдорӣ намоед!

Тавсияҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намоед!

Риояи тавсияҳои мазкур ба хотири пешгирӣ аз пандемияи короновирус буда, барои саломатӣ ва солимии ҳар шаҳрванд аҳамияти муҳим дорад!