Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд конфронси 5-уми ҳисоботию интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол»-и назди кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр баргузор гардид.
Конфронсро раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол» Муҳайё Акмалхӯҷаева ифтитоҳ намуд. Баъди гузаронидани муқаррароти расмӣ, тибқи рӯзномаи конфронс ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол»-и назди кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр шунида шуд.

Ҳамроҳ Атаева, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол» доир ба самтҳои муҳими фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи феврали соли 2017 то октябри соли 2019 маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад.

Сипас, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол»-и назди кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр шунида шуд ва мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни кори конфронс фаъолони ҳизбӣ Матлуба Муинова, Маҳмудҷон Абдурашидов, Рустамҷон Рустамов ва дигарон баромад намуда, ба фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ баҳои қаноатбахш доданд.

Вакилони конфронс ҳамзамон ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол», Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол» ва вакилони конфронси 22-юми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷандро интихоб ва тасдиқ намуданд.
          Дар ҷараёни кори конфронс роҳбари дастгоҳи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни маърӯзаи худ баён дошт, ки дар тарғибу ташвиқи бандҳои Оинномавию Барномавии ҳизб саҳми омӯзгорон хеле калон буда, маҳз дар такя ба аъзоёни фаъол аз ҳисоби омӯзгорон имрӯз чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии шаҳр дар сатҳи баланд ташкилӣ доир мегардад. Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол» аз калонтарин ташкилоти ҳизбии ҳудуди шаҳр буда, бо низоми ҳуҷҷатгузорӣ, раванди қабули аъзо, баргузории чорабиниҳо пешсаф мебошад ва имрӯз беҳтаринҳо ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии кумиҷроияи шаҳр ҳамчун вакил интихоб шуданд.

Дар фуроварди кори конференсия ба чанде аз фаъолони ҳизб Сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.